05:28 10 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Шаҳри Остона. Акс аз бойгонӣ

Кишвардорони Осиёи Марказӣ дар остонаи Наврӯз дидор мекунанд

© Sputnik / Николай Лазаренко
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
193 0 0

Кишвардорони Осиёи Марказӣ дар остонаи ҷашни Наврӯз дар Қазоқистон дидор ва мулоқот мекунанд

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дидори кории раисҷумҳурҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 15 март баргузор мешавад, хабар медиҳад сухангӯи раисҷумҳури Қазоқистон Айдос Укибой.

"Рӯзи понздаҳуми март раисҷумҳури Қазоқистон кишвардорони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистонро ба ҳузур мепазирад",- гуфт Укибой.

Ба гуфти вай "ба остонаи ҷашни Наврӯз рост омадани дидори кишвардорони Осиёи Марказӣ аҳамияти вижае дорад".

Сухангӯи раисҷумҳури Қазоқистон Айдос Укибой ҳамчунин хабар дод, ки тибқи нақша, Туркманистонро дар ин вохӯрӣ, раиси маҷлис хонум Нурбердиева намояндагӣ мекунад.

Пештар хабар дода шуд, ки таърихи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон муайян шуд. Ба иттилоъи  вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 март ба Қазоқистон сафар хоҳад кард.

Барчаспҳо:
дидори кишвардорони Осиёи марказӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ