03:00 21 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.09
  • RUB0.14
Дар марзи Тоҷикистону Узбакистон. Акс аз бойгонӣ

Узбакистон минаҳояшро аз марз бо Тоҷикистон бар медорад

CC BY 2.0 / upyernoz / Tajik-Uzbek Border
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
127 0 0

Ҳукумати Узбакистон эълом кард, ки бар асоси тавофуқ бо Тоҷикистон марз бо кишвари ҳамсояро аз минаҳо поксозӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дафтари иттилоърасонии Ҳукумати Узбакистон иттилоъ дода, ки сарони кишварҳои Узбакистон ва Тоҷикистон дар охирин дидорашон дар шаҳри Душанбе ба тавофуқ расиданд, ки манотиқи марзи муштараки ду кишварро аз мина поксозӣ кунанд.

"Сарони ду кишвар аз таъсиси коргурӯҳи муштараки узбакӣ-тоҷикӣ истиқбол карданд, ки қарор шуда манотиқи марзии ду кишварро аз минаҳо поксозӣ кунад ва таъкид карданд, ки ин минрӯбӣ дар ин минтақаҳо бояд дар солҳои 2018 – 2019 ба поён бирасад", — гуфта мешавад дар баёнияе, ки ин инҳод мунташир кардааст.

Дар ин баёния ҳамчунин гуфта шуда, ки сарони Узбакистон ва Тоҷикистон бар омодагии худ барои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои низомӣ ва фаннӣ-низомӣ, аз ҷумла омӯзиши низомӣ, таъкид карданд. Кишвардорон ҳамчунин қарор доданд, ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо теруризмро жарфтар кунанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Узбакистон дар соли 2000 ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни "Ҳаракати исломӣ" марз бо Тоҷикистонро мина кошта буд. Аз ин минаҳо то кунун даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон куштаву захмӣ шудаанд.

Дар нахустин сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон, ки 9 – 10-уми март баргузор шуд, Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон 27 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои гуногунро имзо карданд.

Барчаспҳо:
бардошти минаҳо, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ