01:53 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Маросими ифтитоҳи марз байни Тоҷикистон ва Узбакистон

Раводид бекор шуд: Мирзиёев тоҷикистониёнро дар Наврӯз ба Узбакистон даъват кард

© Facebook / Негматулло Мирсаидов
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
27120

Раисҷумҳури Узбакистон дар қарори вижааш қайд кардааст, мақсад аз ин иқдом "фароҳам овардани шароит барои мардум дар арфаи ҷашни Наврӯз мебошад"

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон аз 16 март метавонанд бе раводид  ба Узбакистон сафар кунанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВУХ Узабакистон.

Ёдрас мешавем, ҳафтаи гузашта, 9 март дар рафти сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ду кишвар Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи рафтуомади бидуни раводидро ба мӯҳлати  то 30 рӯз ба имзо расонида буданд.

"Аз 16 март шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавононанд бидуни раводид  бо ҳуҷҷатҳои мувофиқ (дипломатӣ, хидматӣ, шиносномаи хориҷӣ) вориди Узбакистон шаванд. Дар бораи ҳукми қонунӣ гирифтани созишнома ва иҷрои он нисбати шаҳрвандони Узбакистон дертар хабар дода мешавад",- гуфта мешавад дар хабар.

Бино бар иттилои дафтари матбуотӣ, раисҷумҳури Узбакистон то ҳукми қонунӣ гирифтани созишнома ба шаҳрвандои Тоҷикистон иҷоза дод, ки вориди Узбакистон шаванд."Ин иқдом бо мақсади фароҳам овардани шароит ба мардум дар арафаи таҷлили Наврӯз амалӣ карда мешавад", —тавзеҳ додааст ВУХ.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Барчаспҳо:
Наврӯз, раводид, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ