18:41 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
281 0 0

Таъкид гардид, ки Осиёи Марказӣ - ин минтақаи дорои захираҳои васеи табиӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва неруи зиёди инсонӣ мебошад ва изҳори умед карда шуд, ки ин имкониятҳо бояд ба манфиати халқҳои тамоми минтақа самаранок ва оқилона истифода карда шаванд

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Имрӯз, 15 март кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Барои ширкат дар ин ҳамоиш Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси Парлумони Туркманистон Оқҷа Нурбердиева дар шаҳри Остона ҷамъ омаданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки Осиёи Марказӣ — ин минтақаи дорои захираҳои васеи табиӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва неруи зиёди инсонӣ мебошад ва изҳори умед карда шуд, ки ин имкониятҳо бояд ба манфиати халқҳои тамоми минтақа самаранок ва оқилона истифода карда шаванд.

Манбаъ меафзояд, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи тамоми имкониятҳо баҳри таҳқими ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ кард.

Кишвардори Тоҷикистон гуфт, ки минтақа дорои имкониятҳои бузурги истифоданашуда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар асоси манфиатҳои тарафайн мебошад.

"Ман чандин маротиба аз минбарҳои баланд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар Паёмҳои худ ба Парлумони мамлакат зикр намуда будам, ки Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард. Имрӯз ман мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд",- изҳор дошт кишвардор.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, иншоотҳои мавҷуда ва бунёдшавандаи гидроэнергетикӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу энергетика дар минтақа аҳамияти бузург доранд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки кишварашомода аст дар сохтмони НБО Роғун ба Тоҷикистон кӯмак кунад. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бошад, қайд карда буд, ки Тоҷикистон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳад гузошт.

Барчаспҳо:
ҳамсоя, об, НБО "Роғун", Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ