Салом Бухоро!: нахустин худравҳои Тоҷикистон вориди Узбакистон шуданд

© Flickr \ Asian Development BankБухара - одно из популярнейших туристических мест
Бухара - одно из популярнейших туристических мест - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин худравҳои ҷониби Тоҷикистон имрӯз ба Самарқанду Бухоро сафар карданд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Аз имрӯз миёни Тоҷикистон ва Узбакистон метавон бе раводид рафту омад кард.

Нахустин шуда, ронандагони ширкати "Рахш Такси" ва намояндагони ширкати "Скай тур" аз марз гузаштанд.

Иқдоми мазкур бо ибтикори ширкати "Рахш Таксӣ 3333" ва ширкати сайёҳии "Скай Тур" роҳандозӣ шуда, ба ҳайати корвон хабарнигорон, наворбардорон, коргардонҳо, роҳбарони ширкатҳои ватанӣ, муштариёни доимии "Рахш Таксӣ", "Скай Тур" ва дигарон шомил мебошанд.

Таксиҳо дар гузаргоҳи Патар - Sputnik Тоҷикистон
Марзҳои боз: чӣ гуна Конибодом тоҷикон ва узбакҳоро ба ҳам овард

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бархе аз ҷанбаҳои тавофуқнома миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаи рафту омади бе раводид миёни ду кишвар барои 30 рӯзро тавзеҳ дод.

Шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Узбакистон бояд санадҳои зеринро дошта бошанд: шиносномаи дипломатии ҶТ (намунаи биометрӣ), шиносномаи дипломатӣ (дорои эътибор то 1 феврали соли 2022), шиносномаи хидматии ҶТ (намунаи биометрӣ), шиносномаи хориҷии шаҳрванди ҶТ (намунаи биометрӣ), шиносномаи хориҷии ҶТ (дорои эътибор то 1 феврали соли 2022), гувоҳиномаи бозгашт ба Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 9 март дар раванди сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ду кишвар Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи рафтуомади бе раводид ба муддати то 30 рӯзро имзо карда буданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14-уми март ин созишномаро барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлис фиристод. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "созишнома аз рӯзи гирифтани огоҳиномаҳои хаттӣ дар мавриди иҷро шудани расмиёти дохилидавлатӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад".

Аммо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳамон бо судури як фармон рафтуомади бераводиди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави кишвараш иҷозат дод. Фармони Мирзиёев имрӯз, 16-уми март иҷроӣ мешавад.

Дар ин фармон ба мақомоти Узбекистон дастур шудааст, ки муқаррароти созишномаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон ба таври истисноӣ, яъне то замони тасвибаш дар маҷлисҳои қонунгузори ҳар ду кишвар, ба иҷро дароранд.

Лентаи хабарҳо
0