Сахт андӯҳгин шудем: номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

© Sputnik / Григорий Сысоев /POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия Владимир Путин номаи таслият равон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 март — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Вламир Путин барқияи тасалият ирсол намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар номаи таслияти раисҷумҳур аз ҷумла омадааст:

"Муҳтарам Владимир Владимирович, хабари сӯхтор дар маркази савдои шаҳри Кемерово, ки мӯҷиби ҳалок ва захмӣ шудани одамони зиёд гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.

Пожар в торговом центре Зимняя вишня в Кемерово - Sputnik Тоҷикистон
Сӯхтор дар Кемерово, бузургтарин дар 100 сол

Муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам тасаллиёти амиқ ва эҳсоси ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон, инчунин хоҳони шифои комилро ба ҳамаи осебдидагон расонед".

Рӯзи якшанбе дар маркази савдои "Зимняя вишня" дар Кемерово сӯхтори бузурге рух дод.

Дар паи сӯхтор дар маркази савдо дар Кемерово 64 кас ҷон бохту 45 нафари дигар захмӣ шуд.

Коршиносон мегӯянд, ки сабаби сӯхтор сифати пасти маводҳои сохтмонӣ шудааст.

Аз рӯи шумораи қурбониён сӯхтори Кемерово яке аз бузургтарин дар 100 сол аст. Дар баробари он сӯхтор дар меҳмонхонаи "Русия" дар Маскав (соли 1977, 42 қурбонӣ), дар хобгоҳи РУДН дар Маскав (соли 2003, 44 қурбонӣ), дар хонаи кӯҳансолон дар Краснодар (соли 2007, 63 қурбонӣ), дар клуби "Хромая лошад" дар Перм (соли 2009, 153 қурбонӣ) ва дар хонаи кӯдакони бемор дар вилояти Новгород (соли 2013, 37 қурбонӣ) аз бузургтаринҳо дониста мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0