Месӯзем... Дӯстатон медорам: паёмакҳо аз сӯхтор дар Кемерово

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкРодственники одного из пропавших без вести при пожаре в торговом центре «Зимняя вишня» в Кемерово
Родственники одного из пропавших без вести при пожаре в торговом центре «Зимняя вишня» в Кемерово - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сӯхтор дар фурӯшгоҳи занҷираии "Зимняя вишня" дар шаҳри Кемерово ҷони даҳҳо касро гирифт. Дар ин сӯхтор чандин кӯдак низ ҷонашонро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бино бар вопасин додаҳо, дар ин сӯхтор 64 кас кушта шудааст, ки бисёре аз онҳо хурдсолон буданд.

Оташ дар сохтмони фурӯшгоҳи занҷираии "Зимняя вишня" зуд ҳамаҷоро фаро гирифтаву пур аз дуд карда буд. Мардум тарсону ҳаросон худро ба ҳар ҷо мезаданд то роҳе барои бурунрафт аз ин дуду оташ пайдо кунанд.

Саргузашти ҷонбохтагону осебдидагон ва касоне, ки кӯшишу талош кардаанд кӯдаконро аз он "дӯзах" наҷот диҳанд, касеро бепарво намегузорад.

Татяна Дарсалия – омӯзгоре, ки ба баҳои ҷони худ кӯдаконро аз марг наҷот дод

Татяна Дарсалия омӯзгори забонҳои инглисӣ ва олмонӣ буд. Ӯ чанд кӯдакро аз сохтмони оташгирифта берун овард, вале худ дар он ҷон бохт. Он рӯз вай бо духтари 14-солааш ба ин фурӯшгоҳ омада буд. Ҳангоме, ки забонаҳои оташ ва дуд даруни сохтмонро фаро мегирифт, Татяна духтарашро берун бурд, вале ӯро дар хиёбон гузошту баргашт то дигар кӯдаконро низ берун бибарад. Як бор тавонист чанд кӯдакро наҷот диҳад, вале дувум бор худ низ бар нагашт.

"Мо то ҷовидон ӯро дӯст хоҳем дошт ва ҳамеша ёд хоҳем кард. Ӯ беҳтарин буд ва аз беҳтаринҳо хоҳад монд. Ман ҳануз ҳам бовар намекунам, ки ӯ дигар дар миёнамон нест, вале сарфарозам, ки ӯ модарам аст. Модарам кӯдаконро аз марг наҷот дод ва қаҳрамонвор ҷон бохт. Вай ҷуз ин ҳам наметавонист коре кунад. Ному ёдашро ҳамеша зиндаву гиромӣ хоҳем дошт", — навиштааст Элеонора, духтари Татяна, дар бораи модараш дар сафҳаи вай дар шабакаи иҷтимоъии "ВКонтакте".

© vk.com / Татьяна ДарсалияКомментарий дочери учительницы Татьяны Викторовны, героически погибшей при пожаре в ТЦ, спасая детей
Комментарий дочери учительницы Татьяны Викторовны, героически погибшей при пожаре в ТЦ, спасая детей - Sputnik Тоҷикистон
Комментарий дочери учительницы Татьяны Викторовны, героически погибшей при пожаре в ТЦ, спасая детей

Бисёр аз донишомӯзон зери ин навишта дар сафҳаи омӯзгорашон паём гузоштаанд. Онҳо мегӯянд, ки Татяна Дарсалия яке аз беҳтарин омӯзгорон буд ва бисёре низ аз ӯ пӯзиш хостаанд.

"Он лабханди ширинатон, ки ҳар рӯз бароямон ҳадя мекардед, ҳамеша дар ёдамон хоҳад монд. Моро бибахшед. Ҷоятон биҳишт бод", — навиштааст яке аз духтарони донишомӯз.

Татяна Дарсалияро имрӯз, 28 март дар оромгоҳи шаҳри Кемерово ба хок месупоранд.

Донишҷӯи Донишгоҳи низомӣ се кӯдакро аз оташ берун овард

Навҷавони 17-сола, ки донишҷӯи Донишгоҳи низомии Кемерово аст, се кӯдакро аз сохтмони оташгирифта берун овард.

"Доду фарёди кӯдаконро шунидаму ба сӯи садо рафтам. Дар яке аз дуконҳо ё ғурфаҳо се кӯдакро дидам, ки худро ба кунҷе задаву гиря доштанд", — гуфтааст ин навҷавон дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Комсомолская правда".

Вице-губернатор Кемеровской области Сергей Цивилев на митинге у администрации Кемерова - Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси вилоят назди мардуми Кемерово зону зада барои сӯхтор бахшиш хост

Вай тавонистааст як писарак ва ду духтаракро аз сохтмон берун барад. Аммо пӯшоку санадҳояш дар оташ сӯхтаву нобуд шудаанд. Ӯро падару модараш аз маҳалли фоҷеъа хона бурдаанд.

"Мо дар оташ месӯзем. Ҳамаатонро дӯст медорам. Худо нигаҳдоратон"

Мария Мороз, духтараки 13-сола, дар он рӯзи шум бо модараш дар он фурӯшгоҳ буд. Вай ҳангоме, ки дар сохтмони оташгирифта дарбанд уфтода буд, паёме кӯтоҳ дар шабакаи "ВКонтакте" навишт:

"Мо дар оташ месӯзем. Ҳамаатонро дӯст медорам. Худо нигаҳдоратон".

Бархе аз расонаҳо хабар дода буданд, ки дар ин сӯхтор гурӯҳе аз донишомӯзони як синф, ки аз яке аз рустоҳо ба ин фурӯшгоҳ тамошову тафреҳ омада буданд, беному нишон гум шудаанд.

Бархе аз хешовандони ин донишомӯзон ба расонаҳо гуфтаанд, ки онҳо аз толори синамо бо падару модарнашон тамос гирифтаву бо гиряву зорӣ худоҳофизӣ кардаанд.

Писараке дар ин сӯхтор хонаводаашро аз даст дод

Писараки 11-солае, ки ҳангоми сӯхтор худро аз ошёни чаҳорум ба замин андохта ва сахт захмӣ шуда буд, шояд яке аз касоне бошад, ки бештарин осебро аз ин фоҷеъа дидааст.

Вай дар ин сӯхтор падару модар ва хоҳарашро аз даст додааст. Шоҳидон мегӯянд, ки падараш пеш аз он ки дар оташу дуд ҷон диҳад, тавониста ӯро аз панҷара поин андозад.

Дертар кормандони сохторҳои изтирорӣ модарбузургҳои ин писаракро пайдо кардаанд. Вай акнун дар бемористон аст ва ба ҳуш омадаву саргузашташро ба ёд меораду боз мегӯяд. Пизишкон гуфтаанд ҳама донишу ҳунарашонро ба кор хоҳанд гирифт то ӯро зудтар ба по хезонанд.

Лентаи хабарҳо
0