16:04 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Хуршед ва Фарзон

Пас аз Соловёв: раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Фарзонро қадрдонӣ кард

© Facebook / Я таджик и горжусь этим
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
23730

Дар баробари Фарзон Салимов раҳбари Кумитаи тафтишотӣ ҳамчунин корманди яке аз утоқҳои ошёнаи сеюм Александр Калачев ва сарбози 17-сола Дмитрий Полухинро барои наҷоти одамон аз сӯхтор қадрдонӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин касонеро, ки ҳангоми сӯхтор мардумро наҷот дода буданд бо ҷоизаҳои Кумита қадрдонӣ кардааст, хабар медиҳад сухангӯи ин ниҳод Светлана Петренко.

"Раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин зимни сафар ба Кемерово бо нафароне, ки ҳангоми сӯхтор мардуми зиёдеро наҷот дода, қаҳрамонии воқеъӣ нишон додаанд, дидор кард. Зимни ҷоизасупорӣ Александр Бастрикин қайд кардааст, ки ин нишонҳои муборизон аст ва насиби касоне мешавад, ки мардонагии воқеъӣ нишон дода бошанд"-гуфтааст ӯ.

Ба гуфти Петренко дар баробари Фарзон Салимов раҳбари Кумитаи тафтишотӣ ҳамчунин корманди яке аз утоқҳои ошёнаи сеюм Александр Калачев ва сарбози 17-сола Дмитрий Полухинро барои наҷоти одамон аз сӯхтор қадрдонӣ кардааст.

Пештар муҷрии номдори Русия Владимир Соловев пешниҳод кард, ки Фарзон ва Маҳмуд барои қаҳрамонӣ қадрдонӣ шаванд. 

"Масалан ин ду ҷавони тоҷик, ки даҳҳо нафарро наҷот доданд, онҳо беш аз 30 кас, наздики 50 нафарро наҷот доданд. Маҳмуду Фарзон ҳар чӣ ки аз дасташон омад карданд",- таъкид мекунад Владимир Соловёв.

Шоир ва рӯзноманигори тоҷик Адиба Азиз дар шеъре қаҳрамонии Маҳмуд ва Фарзонро васф кард.
"Тан ба оташ задани ду ҷавони тоҷик хеле хатарнок буд. Маҳмуду Фарзон бори дигар собит карданд, ки тоҷикон миллати ҷонфидо, шуҷоъ ва таваккалкор ҳастанд",- тавзеҳ медиҳад навиштаашро шоир.

Худи Маҳмуд ва Фарзон дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфтанд, ки то дақиқаҳои охир дар дохили маркази савдои "Зимняя вишня" монда, ба берун баровардани бошандагони он кӯмак карданд. Онҳо танҳо замоне биноро тарк карданд, ки нафас кашидан ва дидан ғайриимкон шуд.

Сӯхтор дар бинои маркази савдои чорошёнаи "Зимняя вишня" дар шаҳри Кемерово рӯзи якшанбе рух дод.

Манбаи сӯхтор дар ошёнаи болоӣ будааст, ки дар он ҷо якчанд кинотолор ва майдончаҳои бозии кӯдакон бо аттраксионҳо, вуҷуд доштанд.
Дар паи ин сӯхтор, бино ба маълумотҳои ахир 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар байнашон кӯдакони зиёд будаанд.

Барчаспҳо:
қадрдонӣ аз ҷавонони тоҷик, Александр Бастрикин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ