09:56 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Передача портфеля из рук в руки

Пешниҳоди раиҷумҳур: додситони кулл сабукдӯш шавад

Sputnik / Владимир Федоренко
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
645 0 0

Вакилони масъалаи барканоркунии додситони куллро дар иҷлосияи минбаъдаи маҷлис, ки рӯзи чаҳоршанбе ва ё панҷшанбе баргузор мешавад, баррасӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ,10 апр- Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков ба парлумони кишвар пешниҳод кардааст, ки Индира Ҷолдубоева-додситони кулли Қирғизистон аз мансабаш сабукдӯш шавад. Дар ин бора дафтари матбуотии парлумони Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Пештар бештари узви маҷлиси Қирғизистон ҳисоботи солонаи Ҷолдубоеваро ғайриқаноатбахш баҳогузорӣ карда буданд.

"Ба Кумитаи қонунгузории конститутсионии маҷлис,  сохторҳои давлатӣ,  сохторҳои масолили додгоҳиву ҳуқуқӣ ва низомномаи маҷлис нусхаи пешниҳоди раисҷумҳур дар бораи сабукдӯш кардани додситони кулл расидааст",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Интизор меравад, ки вакилон дар иҷлосияи навбатиашн, ки рӯзҳои чоршанбе ё панҷшанбе баргузор мешавад, ин пешниҳодро баррасӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, дар соли равон аллакай маротибаи чандум, ки Сооронбой Ҷээнбеков роҳбарони ниҳодҳои қудратии кишварашро сабукдӯш мекунад.

Пештар вай раиси Кумитаи давлати амнияти милли Қирғизистон ва муовинашро сабукдӯш карда буд. Афзун бар ин, мансабдлорони мазкурро худи Ҷээнбеков таъин карда буд.

Барчаспҳо:
додситони кулл, Сооронбой Ҷээнбеков, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ