01:41 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Сӯхтори автобус, акс аз бойгонӣ

Соҳиби автобусе, ки дар он 52 узбакистонӣ сӯхта буд, рӯ ба гурез ниҳодааст

© Foto Комитет по ЧС МВД РК
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
83 0 0

Мудири хадамоти ҳифзи манофеи ҷамъиятии Додрасонии кулли Қазоқистон Азамат Дюсембеков эълом дошт, ки раванди павандаи ҷиноӣ воқеан ба итмом расида, барои шиносоӣ ба гумонбаршудагон ва мудофиони онҳо пешкаш шудааст

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Додситонии кулли Қазоқистон тақрибан тафтишоти парвандаи ҷиноиро дар мавриди ҳалокати 52 шаҳрванди Узбакистон дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ба анҷом расонидааст, вале соҳиби автобус то ҳанӯз дар пайгард қарор дорад.

Мудири хадамоти ҳифзи манофеи ҷамъиятии Додрасонии кулли Қазоқистон Азамат Дюсембеков эълом дошт, ки раванди павандаи ҷиноӣ воқеан ба итмом расида, барои шиносоӣ ба гумонбаршудагон ва мудофиони онҳо пешкаш шудааст.

"Онҳо гуноҳи худро эътироф намекунанд, вале модда кадом аст? "Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи васоили нақлиёт, ки боиси марги ду ё зиёда ашхос гардидааст". Бар ин бино, агар гӯем, ки дар ин ҷо масъулият вуҷуд надорад, нодуруст аст. Ҳама чиз аз оқибати амалҳо ва натоиҷи исботшудаи алоқаҳои тафтишотӣ-сабабӣ вобастагӣ дорад", — гуфт Азамат Дюсембеков.

Тибқи гуфтаҳои ӯ, соҳиби автобус Мехтиев рӯ ба гурез ниҳодааст ва таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

Аммо дар робита ба тақдири соҳиби автобус, тибқи гуфтаҳои ӯ, дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин омил мувофиқи моддаи 348 — баҳрабардорӣ аз автобуси нодурустиҳои фаннидошта, ки ҷавобгарии соҳибон ва моликони онро пешбинӣ мекунад, тафитиш меравад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар Қазоқистон далели фоҷиа муайян карда шуд.

Таъкид гардид, ки автобус бо нодурустиҳои фаннӣ, ба роҳ баромада буд.

Ҷараёни тафтишот муқаррар кардааст, ки дар километри 1068-уми роҳи автомобилгарди "Чимкент-Самара" автобус бо сабабҳои техникӣ ҳаракаташро қатъ намудааст.

Ронандагони автобус бе он ки ба хадамоти ҳолатҳои фавқулода дар бораи ҳодиса хабар диҳанд ва бе дидани тадбирҳои таъмини бехатарии мусофирон, бо ёрии қандили барқии равшанидиҳанда ба гарм кардани толори василаи нақлиёт шурӯъ кардаанд, ки аз сабаби беэҳтиётона резонидани бензин аз зарфи кушода, сӯхтор ба амал омадааст.

Дар шоҳроҳи Самара-Чимкенти вилояти Оқтеппаи Қазоқистон 18 январи соли ҷорӣ автобусе даргирифт, ки дар он 57 нафар мусофир, аз он ҷумла ду ронанда, ба ҳалокат расиданд.

Дар натиҷаи фоҷиа, 52 муҳоҷири узбакистонӣ ҳалок шуда, ба панҷ нафари онҳо муяссар шуд, ки ҷон ба саломат баранд. Онҳо сӯхтагиҳои дараҷаи миёна гирифта буданд. Ҳамаи мусофирон шаҳрвандони Узбакистон, ронандаҳо бошанд, шаҳрвандони Қазоқистон буданд.

Дарҳол пас аз ҳодиса якчанд сабабҳои оташгирӣ гуфта шуда буд, аз он ҷумла иттисоли кӯтоҳмуддати сими барқ. Ҳамчунин таъкид рафта буд, ки дари паҳлӯи автобус масдуд шуда, беруншавии мусофирон номумкин гашта буд. Ин омил боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мусофирон шуда буд.

Барчаспҳо:
сӯхтор, автобус, муҳоҷирон, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ