06:22 28 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев тартиби расмиёти гумрукиро содда кард

Пресс-служба президента РУз
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
104 0 0

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дода то лоиҳаи таҳияи нави Кодекси меҳнати (КМ) Ҷумҳурии Узбакистонро то 1-уми ноябри соли ҷорӣ пешниҳод кунанд, ки дар он озодсозии қонунгузории гумрукӣ, пешбинӣ шуда бошад

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо қарори худ аз 1-уми июл як қатор расмиёти гумрукиро ҳангоми интиқоли молу коло, содда кард, санад рӯзи ҷумъа дар нашрияи маҳаллӣ ба чоп расидааст.

"Аз 1-уми июли соли 2018 тартибе, ки тибқи он додани иҷозатномаҳо аз ҷониби мақомоти гумрукӣ ҳангоми ҷойивазкунии амвол дар чаҳорчӯби реҷаҳои гумрукӣ бекор мегардад, муқаррар карда шавад", — омадааст дар матни санад.

Ҳамчунин, тартиби гирифтани ҳатмии иҷозатномаҳо барои тағйир додани самти ҳаракати нақлиёти хориҷӣ тавассути қаламрави Узбакистон, қатъ карда шуд. Дар ҳоли ҳозир тибқи Кодекси гумруки (КГ) ҷумҳурӣ, амалиёти мазкур танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома аз мақомоти дахлдор, ба анҷом мерасад.

Тибқи дастур инчунин муқаррар гардидааст, ки иҷозатномаҳои зарурӣ барои воридот ва содироти ашёи олами наботот ва ҳайвонот, моддаҳои озонвайронкунанда, дар чаҳорчӯби як шартномаи тиҷорати хориҷӣ ва танҳо як маротиба дар муддати на зиёда аз як сол, дода мешаванд.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин ба ширкаткунандагони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ФИХ) пешниҳод намуд, ки метавонад дар реҷаи замони воқеӣ тавассути шабакаи Интернет эъломияҳои гумрукии колоро бидуни муроҷиат ба миёнравҳо, ироа намоянд.

Тибқи ин дастур, сар аз 1-уми июли соли ҷорӣ таҷрибаи эъломи пешакии молҳои воридотӣ то расонидани онҳо ба қаламрави гумруки Узбакистон, ҷорӣ карда мешавад. Дар айни замон, ба иштирокчиёни фаъоли ФИХ ҳаққи муомилоти озоди молҳои воридотӣ бевосита дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои марзӣ, дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир ин амал пас аз пардохти тамоми боҷҳои гумрукӣ роҳандозӣ мегардад.

КГ Узбакистон аввалин бор соли 1997 қабул шуда, моҳи апрели соли 2016 қисман тағйир ёфта буд. Ба нашри нави кодекс моддаи механизми пешниҳоди иттилооти қаблӣ роҷеъ ба коло пеш аз ворид шудан ба қаламрави гумрук, шомил шуда буд. Илова бар ин, реҷаи гумрукӣ дар робита ба "коркарди маҳсулот барои истифодабарии дохилӣ" ҷорӣ карда шуда буд, ки ба корхонаҳои Узбакистон ҳуқуқи ворид сохтани ашёи хомро барои тавлиди колоҳое, ки коҳиш додани саҳмҳои андози онҳоро барои масолеҳ, ашёи хом ва дигар ҷузъҳо ғайри қобили қабул буд, медод.

Барчаспҳо:
кодекси гумрук, тағйирот, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ