05:06 10 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Парчами ДОИШ, акс аз бойгонӣ

Фармондеҳи узбакистонии ДОИШ дар Афғонистон кушта шуд

© Sputnik / Андрей Стенин
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Ҳамчунин эълом шудааст, Қорӣ Ҳикматуллоҳ масъулияти мустақими сарбозгирӣ аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои ДОИШ-ро бар ӯҳда доштааст

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Манобеи хабарӣ дирӯз аз ҳалокати Қорӣ Ҳикматуллоҳ, яке аз фармондеҳони аслии гурӯҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон хабар доданд.

Ба гузориши "Парстудэй", ин фармондеҳи ДОИШ ба ҳамроҳи муҳофизаш дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини НАТО дар вилояти Форёб, шимоли Афғонистон, кушта шудааст.

Ин манбаи хабарӣ аслияти ин фармондеҳи гурӯҳи террористиро Узбакистонӣ дониста ва эълом кардааст, вай дар чанд гурӯҳи мазҳабӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои мазҳабии фаъол дар зодгоҳаш узв будааст.

Бархе аз манобеи хабарӣ ҳам ба собиқаи фаъолияти фармондеҳи кушташудаи ДОИШ дар Афғонистон ва дар гурӯҳи Толибон ишора кардаанд.

Ҳамчунин эълом шудааст, Қорӣ Ҳикматуллоҳ масъулияти мустақими сарбозгирӣ аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои ДОИШ-ро бар ӯҳда доштааст.

Пештар коршиноси улуми сиёсӣ гуфта буд, ки ДОИШ ба марзҳои ҷанубии ИДМ мунтақил мешавад.

Хатарҳое, ки ба кишварҳои узви ИДМ аз ҷониби гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) таҳдид мешаванд, коҳиш намеёбанд. Марзҳои ҷанубии ИДМ ҳанӯз ҳам зери таҳдиданд, иброз дошт раиси кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев.

"Бо вуҷуди натоиҷи мусбие, ки замони муқобилият бо ДОИШ дар Сурия ба даст омадааст, ҳанӯз ҳам хатаре аз ин созмон бармеояд, ки барои кишварҳои узви ИДМ таҳдидовар аст. Дар ҳоли ҳозир фаъолиятҳои террористӣ аз Ҷумҳурии Сурияи Араб ба самти марзҳои ҷанубии ИДМ равона карда шудааст",- тавзеҳ медиҳад Лебедев.

Нерӯҳои ДОИШ имрӯз ҳамагӣ 4%-и масоҳати Сурияро дар даст доранд, ки он тақрибан 7 ҳазор метри мураббаъро ташкил мекунад, гуфт дар Ҳамоиш оид ба масоили амниятӣ муовини вазири мудофиаи ҶСА Маҳмуд Шава.

"Имрӯз узви гурӯҳи терористиро дар баъзе минтақаҳои дурдаст ва ё пурра иҳоташуда дар ҳаҷми тақрибан 4%-и ҳудуди шимолу шарқии ҶСА метавон пайдо кард, ки ин на зиёда аз 7 ҳазор километри мураббаъ мебошад",- гуфт Маҳмуд Шава.

Барчаспҳо:
кушта шуд, ДОИШ, Осиё

Мавзӯъҳои асосӣ