10:04 24 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.80
  • RUB0.14
Блок управления металлоискателем во время мероприятий по разминированию

Замони поксозии марзи Тоҷикистон ва Узбакистон аз минаҳо маълум шуд

© Sputnik / Михаил Алаеддин
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
127 0 0

Яке аз дастовардҳои сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва гуфтушунидаш бо раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавофуқ барои поксозии марз аз минаҳо то поёни соли 2019 буд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбакистон коргурӯҳи муштарак барои поксозии марз аз минаҳо ташкил кардаанд, хабар медиҳад хабаргузории ТоҷикТА ба нақл аз манбаъе дар бахши амниятии ҳукумати Тоҷикистон.

"Эҳтимол меравад, ки поксозии марз аз минаҳо дар нимаҳои моҳи май оғоз шавад", — гуфтааст манбаъ ба хабаргузорӣ.

Вале ин манбаъ иттилоъ надода, ки то кунун кадом бахшҳо аз марз аз минаҳо пок шудаву кадом бахшҳо поксозӣ нашудаанд.

"Ингуна иттилоъотро намешавад ошкор кард, вале бовар дорам, замоне, ки амалиёти поксозии марз аз минаҳо оғоз мешавад, хабарнигоронро барои пӯшиши ин амалиёт фаро хоҳанд хонд", — таъкид кардааст манбаъ.

Ёдоварӣ мекунем, ки яке аз дастовардҳои сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва гуфтушунидаш бо раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавофуқ барои поксозии марз аз минаҳо то поёни соли 2019 буд.

Барчаспҳо:
поксозӣ, муносибат, мина, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ