12:16 24 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
10610

Дар ин ҳамоиш имкониятҳои иқтисодии вилояти Суғд ва Самарқанд баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Рӯзи 21 апрел дар меҳмонхонаи "Регистон плаза" шаҳри Самарқанд бо ширкати доираҳои тиҷории вилоятҳои Суғду Самарқанд Бизнес – форум баргузор шуд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Ба гузориши манбаъ, дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ширкат кардаву сухан гуфтаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии ташкили ҳамоиш, густариши робитаҳои тиҷорӣ ва афзун намудани табодули молу маҳсулот миёни тарафҳо аст.

"Дар рафти Бизнес – форум ба иштирокчиён дар бораи имкониятҳои иқтисодии ҳар ду тараф, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва имтиёзҳои мавҷуда ҷиҳати мубодилаи маҳсулот маълумот дода шуд", — омадааст дар хабарнома.

Дар макони баргузории чорабинӣ маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва намунаҳои ҳунарҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда, имкониятҳои иқтисодиву кишоварзии вилоят муаррифӣ карда шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки аз 20 то 22 апрел дар вилояти Самарқанди Узбакистон Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд баргузор шуд.

Барои ширкат дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд гурӯҳи бузурги намояндагони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар карданд.

Дар чорчӯби ин сафар миёни дастаҳои футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва "Динамо"-и шаҳри Самарқанд дидори дӯстона баргузор шуд, ки бо ҳисоби 2:2-мусовӣ анҷом ёФТ.

Барчаспҳо:
тиҷорат, ҳамоиш, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ