16:19 08 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Дар рафти маъракаҳои фаврӣ муқаррар шудааст, ки се нафари боздоштшудагон дар солҳои 1999-2006 ҷазои маҳбасиро аз рӯи моддаи “дуздӣ” гирифта, дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ таҳти мафкураи ифротгароӣ афтодаанд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Узбакистон (ХАД) дар Тошканд чаҳор нафар сокинон ва минтақаи пойтахтро бо гумони даст доштан ба фаъолияти созмонҳои тундгарои байналмилалии "Ҳизбу-т-таҳрир ал-исломӣ", боздошт кардаанд.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуотӣ, дар рафти маъракаҳои фаврӣ муқаррар шудааст, ки се нафари боздоштшудагон дар солҳои 1999-2006 ҷазои маҳбасиро аз рӯи моддаи "дуздӣ" дида, дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ таҳти мафкураи ифротгароӣ афтодаанд. Пас аз баромадан ба озодӣ, онҳо ба ташвиқу тарғиби мафкураи созмони тундгароӣ дар байни наздикону шиносон, инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакрасонҳо, машғул буданд.

"Чаҳор фаъоли созмони динӣ-ифротгароии "Ҳизбу-т-таҳрир" аз ҷониби кормандони фаврии ХАД дастгир шуданд, ки онҳо дар Тошканд ва вилояти он зиндагӣ мекардаанд… Дар ҳоли ҳозир маъракаҳои тафтишотӣ гузаронида шуда, ҳамшарикҳои эҳтимолии боздоштшудаҳо муқаррар мегарданд", — иттилоъ дод мусоҳиби оҷонсӣ.

Дар асоси маводи ҷамъшудаи протсесуалӣ нисбат ба боздоштшудагон, идораи тафтишотии ХАД парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи "таъсис, роҳбарият, ширкат дар созмонҳои динӣ, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ, тундгароӣ ва дигар ташкилотҳои мамнӯъ",  кушода аст, ки ҷазо тибқи ин модда маҳрумият аз озодиро ба муддати то 20 сол, пешбинӣ мекунад.

"Ҳизбу-т-таҳрир ал-исломӣ" ("Ҳизби озодии исломӣ") — ҳизби исломии сиёсӣ буда, соли 1953 дар Фаластин таъсис ёфтааст. Дар кишварҳои Сурия, Миср, Урдун, Тунис, Кувайт, Фаластин, Туркия ва Аврупои Ғарбӣ фаъолона амал мекунад. Фаъолияти "Ҳизбу-т-таҳрир  ал-исломӣ" дар аксарияти кишварҳои араб, аврупои шарқӣ, осиёӣ ва шарқи наздик мамнӯъ аст. Аз ҷониби Додгоҳи олии ФР он ҳамчун созмони террористӣ ба рӯйхати ташкилотҳои манъшуда дохил карда шудааст.

Барчаспҳо:
муттаҳам, боздошт, "Ҳизбут-Таҳрир", Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ