Мулоқоти хонумҳои аввали Узбакистону Туркия

© Саҳифаи Эмина Эрдуғон дар ТвиттерМулоқоти бонуҳои аввали Узбакистону Туркия
Мулоқоти бонуҳои аввали Узбакистону Туркия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмина Эрдуғон барои меҳмоннавозӣ аз ҳамсари раисҷумҳури Узбакистон муташаккир гашт

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Хонуми аввали Узбакистон Зироат Мирзиёева имрӯз, 30 апрел бо хонуми якуми Туркия Эмина Эрдуғон мулоқот кард.

Эмина Эрдуғон дар ин бора дар саҳифаи тавиттериаш хабар додааст.

"Дар пойтахти Узбакистон, дар Тошканд бо ҳамсари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кардем. Аз Зироат Мирзиёева барои меҳмоннавозии самимонаашон миннатдорам", — менависад вай.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 29 апрел бо сафари давлатӣ вориди  Узбакистон шуд. Ҳоло гуфтушуниди ҷонибҳо идома дорад.

Дар ин дидор сарони Узбакистону Туркия масоили рушди муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0