10:18 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Имзои ҳуҷҷат, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистону Узбакистон боз ду созишномаи дигар ба тавсиб расонид

© Sputnik / Стас Этвеш
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Ин ду кишвар мехоҳанд, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро тақвият бахшанд

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Имрӯз, 4 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбакистонро оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориро ба тасвиб расониданд.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро дар Парлумон шарҳ дода, зикр намуд, ки ҳадафи он танзими ҳуқуқии ҳамкории сармоягузорӣ байни ду кишвар мебошад.

Дар асоси ин санад Тоҷикистон ва Узбакистон кӯшиш менамоянд, ки барои ҳавасмандгардонии сармоягузории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ҳимояти онҳо бо истифода аз қонунгузориҳои миллии худ шароити мусоидро фароҳам оварда, кафолати фаъолияти сармоягузоронро ҳимоя ва таъмин намоянд. Инчунин тибқи санади мазкур, ҳарду давлат интиқоли озоди маблағҳои сармоягузорони якдигарро кафолат медиҳанд.

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҶумҳурииУзбакистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки 9 марти соли равон дар Душанбе дар ҷараёни сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, 10 сол муҳлати эътибор дорад. Бо гузашти даҳ сол муҳлати эътибори он тамдид карда мешавад.

Барчаспҳо:
ҳуҷҷат, сармоягузорӣ, созишнома, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ