03:32 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
164 0 0

Собиқадор гуфт, ки пас аз гузашти низомӣ мехост ба назди Путин равад, вале коркунони ХМФ роҳи ӯро бастанд ва ногаҳон худи раисиҷумҳур ба вазъияти дахолат карда, ба вай пешниҳод кард, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Собиқадори ҷанг Дмитрий Сиркашев, ки муҳофизони раисҷумҳури Русия ҳангоми расмигузашти 9-уми май нагузоштанд ба Путин наздик шавад, дар бораи ин воқеа нақл кард, иттилоъ медиҳад оҷонсии РИА Новости.

Собиқадор гуфт, ки пас аз расмигузашт мехост ба назди Путин равад, вале коркунани ХМФ роҳи ӯро бастанд ва  раисиҷумҳур ба вазъияти дахолат карда, ба вай пешниҳод кард, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад.

Худи собиқадор ҳангоми расмигузашт дар пушти Владимир Путин нишаста буд.

"Замони расидан, ҳамоно ӯ аз назди ҳама гузашта, салом дод. Дар он ҷо собиқадорони дигар низ буданд. Вай аз минбар суханронӣ мекард. Сипас ба пеши Қабри Аскари номаълум рафтем. Ман каме пештар будам",  — гуфт собиқадори ҷанг.

Воқеа рӯзи 9-уми май ҳангоми гузашти низомии Иди Ғалаба дар Маскав гузашта буд.

Солҳои ҶБВ Сиркашев дар озодкунии Смоленск, муҳорибаи Кёнгсберг иштирок намуда, ду маротиба маҷрӯҳ мешавад. Ӯ бо медали "Барои шуҷоат" сарфароз гардонида шудааст.

Инчунин маълум аст, ки ин вохӯрии байни собиқадор ва Путин дар рӯзи расмигузашти Ғалаба аввалин бор набудааст. Онҳо 9 майи соли гузашта низ мулоқот карда будаанд. Шояд собиқадор тасмим гирифта буд, ки боз як бори дигар раисиҷумҳурро ба Рӯзи Ғалаба табрик намояд.

Мавзуъ

Посбонон нагузоштанд, раисҷумҳур худ ба назди собиқадор рафт (Навор)
Барчаспҳо:
гузашти низомӣ, собиқадорон, Дмитрий Сиркашев, Владимир Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ