06:37 23 майи 2018
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Узбакистон

Дар Узбакистон ташкли шанбегӣ бе иҷозаи Мирзиёев мамнӯъ шуд

Пресс-служба президента РУз
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
22310

Дар Узбакистон минбаъд шанбегиро метавон танҳо дар ҳолати доштани санади иҷозаи раисҷумҳур ё кабинети вазирони кишвар ташкил кард

ДУШАНБЕ, 12 мая — Sputnik. Ҳайъаи вазирони Узбакистон қарореро мунашир кард, ки мувофиқи он минбаъд дар кишвар шанбегӣ танҳо дар ҳолати гирифтани иҷозати раисҷумҳур ё Ҳукумат ташкил карда мешавад.

Ёдрас мешавем, пештар расонаҳои Узбакистон хабар дода буданд, ки муаллимае дар Самарқанд ҳангоми шанбегӣ дар садама ба ҳалокат расид.

Гуфта мешуд, зан ҳамагӣ 23 сол дошт ва пеш аз омадани раисҷумҳур ба шаҳр бо фармони роҳбарияти мактаб кӯча тоза мекард.

Масъулин аввал инкор мекарданд, ки муаллима иҷборан ба шанбегӣ ҷалб  шуда буд, вале дертар додситонии Узбакистон гуфт, ки маллимаро маҷбур ба шанбегӣ бароварда буданд.

Пас аз қазия раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев фармони қатъӣ дод, ки намоишкорона "обод" кардани кӯчаву манзилҳо пеш аз сафари вай ба ин ё он минтақа расман мамнӯъ шавад. Хусусан ҷалби муаллимону духтуран дар ин кор мамнӯъ шуд.

"Ҳашар танҳо дар ҳолати доштани санади мувофиқ аз раисҷумҳур ё қарори Ҳукумат иҷоза дода мешавад",- гуфта мешавад дар қарори Ҳайъати вазирон.

Барчаспҳо:
шанбегӣ, қарор, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ