06:32 23 майи 2018
Пахши мустақим
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

"Ҳамсояи нек": Тоҷикистону Қирғизистон баҳси марзиро бо гуфтушунид ҳал мекунанд

Sputnik / Табылды Кадырбеков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Минбаъд Тоҷикистону Қирғизистон баҳси марзиро бо гуфтушунид ҳал хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Беш аз 40 нафар меҳмонон аз ноҳияи Боткони Қирғизистон таҳти сарварии ҳокими ноҳияи Боткон Кенеш Салихов ба шаҳри Исфара омадаfнд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва аҳли ҳунари шаҳр пазироӣ намуданд.

Дар маҷмааи фарҳангии "Ориён" бо иштироки роҳбарияти ду ноҳияи ҳамсарҳад, раисони ҷамоатҳои деҳоти наздисарҳадӣ, сарварони муассисаҳои хизматрасонӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг ва дигар масъулин, мизи гирд баргузор шудааст.

"Ширкатдорони мизи мудаввар масъалаҳои иҷтимоии маҳалҳои наздисарҳадиро баррасӣ карда, мувофиқат карданд, ки минбаъд ҳама гуна масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилоти бавуҷудомада бояд танҳо бо роҳи гуфтушуниду ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл гарданд ва нофаҳмию муноқишаҳо саривақт пешгирӣ карда шаванд", — омадааст дар хабарнома.

Ҷонибҳо омодагии худро барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти дастрасии сокинон бо оби тозаи нӯшокӣ ва полезӣ баён намуда, таъсиси гуруҳҳои ҳамдастии бонувон ва маҳфили "Ҳамсоягони нек"-ро омили муассире дар самти таҳкими ҳамкориҳо, фазои эътимод ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ арзёбӣ намудаанд.

Барчаспҳо:
ҳалли масоил, баҳси сарҳадӣ, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ