19:38 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

Истифодаи силоҳ ба марзбонон мамнӯъ шуд: дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Sputnik
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
125 0 0

Намояндагони мақомомти марзии Тоҷикистону Қирғизистон тирандозӣ дар марзро мамнӯъ эълом карданд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон ба тавофуқ расиданд, ки дар баҳсҳои марзӣ истифодаи аслиҳа мамнӯъ шавад.

Дар ин бора дафтари матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.

Ин қарорро ҷонибҳо дар мулоқоте, ки 6 июн дар шаҳри Бӯстони Тоҷикистон сурат гирифт, қабул кардаанд.

Дар ин гуфтушунид  раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Уларбек Шаршеев ва муовини аввали раиси фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қазияи рухдоди наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Ҳайъатҳо изҳори нигаронӣ карданд, ки қазияи рухдода, пештар тарҳрезӣ гашта буд. Бо ҳамин далел ҷонибҳо қарор доданд, ки минбаъд дар баҳсҳои марзӣ ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон аз истифодаи силоҳ худдорӣ кунанд.

"Дар рафти баҳсҳои марзӣ истифодаи силоҳ, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба саломатӣ ва ҳаёти марзбонон хатар эҷод мекунанд, мамнӯъ аст. Дар ин ҳол,  марзбонон бояд аз силоҳ  тибқи қонунгузориҳои кишвари худ истифода баранд. Роҳбарони мақомоти марзӣ низ ҳангоми сар задани баҳс то расидани намояндагони марзии Тоҷикистону Қирғизистон тасмиме нагиранд",- гуфта мешавад дар ахбори хадамот.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки дар ҳоли расидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба марзбонон, тарафҳо дар тафтишоти ҳодиса ба мақомот ҳамкорӣ кунанд.

Дар назар аст, ки марзбонони ду кишвар байни сокинони маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳиро сар мекунанд. Дар минтақаҳои умумӣ дурбинҳои назоратӣ насб карда мешаванд.

Барчаспҳо:
қарордод, силоҳ, баҳс, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ