11:19 19 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.71
  • RUB0.14
Авфи зиндониён, акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳур бахшида ба иди саиди Фитр беш аз 200 маҳбусро авф кард

© Sputnik
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
131010

Ин бори аввал аст, ки дар кишвар бахшида ба ҷашнҳои динӣ маҳбусон авф карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи сешанбе фармонеро дар бораи афви 226 зиндонӣ ба имзо расонид, ки ин иқдом дар арафаи бузургтарин иди мусалмонон барои аввал сурат мегирад, иттилоъ медиҳад оҷонсии хабаргузории миллии УзА.

Иди Фитр нишонаи ба анҷом расидани моҳи шарифи Рамазон мебошад. Имсол бари аввал аст, ки дар Узбакистон Иди Рамазонро се рӯз таҷлил мекунанд.

"Бори аввал аст, ки бо фармони раисҷумҳури Узбакистон дар моҳи шарифи Рамазон 226 нафар, ки табаҳкорӣ кардаанд, афв мешаванд" — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр, 102 нафар комилан аз ҷазо озод шуда, 71 нафар пеш аз мӯҳлат шартан озод карда мешаванд. Ҷазои 39 нафари дигар сабук карда мешавад.

Дар  феҳрасти афвшудагон номи 40 ашхоси 60 сола, 39 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, 37 зан, 51 ашхосе, ки дар ташкилотҳои мамнӯъшуда фаъолият мекарданд, омадааст.

Нахустин фармони Шавкат Мирзиёев дар бораи авфи зиндониён соли 2017 ба тавсиб расид. Тибқи санади мазкур 2,700 зиндонӣ озод гардид.

Барчаспҳо:
маҳбус, авф, ҷазо, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ