18:41 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Тамошобинон

Бори аввал: Театри Узбакистон ба Тоҷикистон меояд

© Sputnik / Евгений Биятов
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
46 0 0

Сафари ҳунарии ҳунарпешаҳои узбакистонӣ дар доираи созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар бо мақсади густариши муносибатҳои фарҳангӣ, таҳкими равобити дӯстӣ ва баланд бардоштани завқи бадеӣ сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Аз 29 июн то 2 июли соли равон Театри Узбакистон бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад, Театри давлатии мусиқии Узбакистон ба номи Муқимӣ бо намоишномаи "Арӯси бесалиқа" ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, намоишномаи "Арӯси бесалиқа" 29 июн дар шаҳри Хуҷанд дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ, 30 июн дар шаҳри Душанбе дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ва 1 июл дар шаҳри Бохтар дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи А.Муҳаммадҷонов манзури ҳаводорони санъати театрӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ки сафари ҳунарии ҳунарпешаҳои узбакистонӣ дар доираи созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар бо мақсади густариши муносибатҳои фарҳангӣ, таҳкими равобити дӯстӣ, баланд бардоштани завқи бадеӣ ва шинос гардонидани тамошобини тоҷик бо санъати театрии узбак сурат мегирад.

Ба гуфтаи коршиносон, Узбакистону Тоҷикистон дар соли 2017 пас аз марги Ислом Каримов тавонистанд муносибатҳояшонро барқарор созанд.

Пас аз сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳамкориҳои ду кишвар густурдатар шуданд.

Барномаи "Шоми дӯстӣ", ки ҳам аз ҷониби мардуми Узбакистон ва Тоҷикистон хуш қабул гардид,  дар Тоҷикистон ва дар Узбакистон баргузор карда шуд. Роҳи саҳна ба ҳунармандони тоҷик дар Узбакистон ва узбак дар Тоҷикистон боз гардид.

Чанде пеш тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов пӯшокҳои навдӯхташро навашро дар Узбакистон намоиш дода буд.

Барчаспҳо:
намоиш, сафар, Театр, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ