Шайх Абдулазиз Мансур ба ҷойи Анварқорӣ Турсунов таъин шуд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкМечеть Минор в Ташкенте, архивное фото
Мечеть Минор в Ташкенте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар мақоми иҷрокунандаи вазифаи имомхатиби Тошкандро муовини имомихатиби пойтахт Эргаш Рустамов ва мудири шӯъбаи масҷидҳои Раёсати мусалмонони Узбакистон Раҳимбердӣ Раҳмонов иҷро мекард

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Шайх Абдулазиз Мансур имомхатиби Масҷиди ҷомеи Тошканд таъин шуд, хабар медиҳад UzNews.

Пештар муваққатан мақоми иҷрокунандаи вазифаи имомхатиби Тошкандро муовини имомихатиби пойтахт Эргаш Рустамов ва мудири шӯъбаи масҷидҳои Раёсати мусалмонони Узбакистон Раҳимбердӣ Раҳмонов иҷро мекард.

Ёдрас мешавем, чанде пеш хабар дода шуд, ки яке аз рӯҳониёни машҳур ва бонуфузи Тошканд Турсунов Анаварқорӣ  вафот кард.

Гуфта мешуд, имомхатиб моҳи апрел ба сактаи мағзӣ гирифтор шуд ва дар бемористон бистарӣ гашт. Анварқорӣ Турсунов пас аз чанд ҷарроҳӣ 13 июн даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0