03:49 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Ҷузвдонҳо

Ба соҳибкорон халал расонидед!: дар Узбакистон ҳазор корманди андозро сабукдӯш карданд

© Sputnik / Сергей Субботин
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
189 0 0

Сабукдӯшкунии оммавӣ бо он далел сурат гирифтааст, ки кормандони мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорон халал ворид мекарданд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Аз Кумитаи давлатии андози Узбакистон 1245 кормандро пеш карданд. Дар ин бора вебгоҳи ниҳод хабар додааст.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот паҳн шуд, ки кормандони андоз дар фаъолияти соҳибкорон халал ворид карданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, сабукдӯшкунии оммавӣ маҳз бо ҳамин далел сурат гирифтааст. Кумита дар рафти тафтишоти вижа дақиқ кардааст, ки дар ҳақиқат бархе аз кормандонаш дар фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ халалдор мешуданд.

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати дучор шудан ба муносибати ғайриқонунии кормандони андоз фаврӣ ба телефони боварии ниҳод хабар диҳанд.

Барчаспҳо:
тафтишот, сабукдӯш, кумитаи андоз, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ