16:54 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Кормнади полис, акс аз бойгонӣ

Баъди фоҷиаи Ҳувайдо: дар Серпухов чор полисро барканор карданд

© Sputnik / Евгений Одиноков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
495 0 0

Соле пештар дар Серпухов, пас аз шикояти зане аз кӯдакозории як гумонбар ба корманди полис дастур дода шуд, ки тафтишотро оғоз кунад, аммо вай коре накард

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Баъди қазияи фоҷиабор кушта шудани духтараки тоҷик дар Серпухов чор афсари полисро  барканор карданд.

Гуфта мешавад, соле пеш онҳо ба беэътиноии зердастонашон дар тафтиши қазияи муттаҳам ба кӯдакозорӣ чашм пӯшидаанд. Дар ин бора ба РИА Ровости роҳбари дафтари матбуотии Сарраёсати ВУД ФР дар вилояти Маскав Татяна Петрова хабар додааст.

"Ҳамин тавр, муовини роҳбари Раёсати вилоятии ВУД Русия дар "Серпухов", роҳбари шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ВУД Русия дар вилояти Маскав, ҳамчунин ду корманди иҷрокунандаи вазифаи муовини раис ва раиси шӯъбаи  нозири минтақавӣ барканон шуданд", —  тавзеҳ дод Петрова.

Бино бар иттилои тафтишот, соле пеш ба нозири минтақавӣ дастур дода шуд, ки дар пайи шикояти сокинон аз муттаҳаме ба кӯдакозорӣ тафтишот оғоз кунанд.

Корманди полис, бо мақсади "сиёҳ" нашудани ҳисоботи солонааш, муроҷиати сокинонро пурра баррасӣ накардааст ва парвандаи ҷиноӣ боз накардааст. Ӯ соли 2017 эхтиёрӣ аз кор рафтааст.

Бино бар иттилои Кумитаи тафтишотӣ, ин амали полис боиси  дар муттаҳам пайдо шудани ҳисси беқонуниву беҷазоӣ гаштааст.

Барчаспҳо:
полис, куштор, Ҳувайдо, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ