Мошинҳои боркаши Тоҷикистон то ҳол дар марзи Туркманистон дар мондаанд

© Sputnik / Табылды КадырбековПробка из фур, архивное фото
Пробка из фур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мошинҳои борбарии ширкатҳои тоҷикистонӣ барои ҳаракат ба самти кишварашон ҳамчунон пушти марзҳои Туркманистон маътал мондаанд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Мошинҳои боркаши Тоҷикистон то ҳол дар марзи Туркманистон дар мондаанд, хабар додааст Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Вазорати ҳамлу нақли Туркманистон пас аз муддатҳо интизор, акнун ба мошинҳои борбарии ширкатҳои туркӣ, ки ба мақсади Тоҷикистон бор ҳамл мекунанд муҷаввиз додаанд, ки масири худро ба мақсади ин кишвар идома диҳанд.

Бар ин асос, мошинҳои борбарии ширкатҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон, ки беш аз як моҳ аст мунтазири дарёфти муҷаввиз барои ҳаракат дар дохили қаламрави Туркманистон ҳастанд, маҷбур мешаванд дубора вориди хоки Эрон шаванд ва бо гузар аз Эрон бо тайи масири тӯлонӣ ба ҷумҳурии Озарбойҷон ва сипас ба Русия, Қазоқистон, Узбакистон бираванд ва аз онҷо ба самти Тоҷикистон ҳаракат кунанд.

Студентка в аудитории Московского педагогического государственного университета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳазорҳо донишҷӯёни туркман дар Тоҷикистон бепул монданд

Масъулони ширкатҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон мегӯянд, таваққуфи рӯзонаи ҳар ронандаи тоҷик дар марзи Туркманистон бобати ҳазинаи истгоҳ ва ғазо барои онон 30 доллар муҳосиба мешавад.

Ҳол онки тамдиди раводиди транзитӣ ва ҷаримаи молӣ барои интиқол надодани бамавқеи колоҳо барои ин ронандагон, ҳазинаҳои изофӣ дар пай дорад.

Мақомоти вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон гуфтаанд, ки умедворанд, то аввали моҳи октябри имсол мушкили мошинҳои борбарии мутаваққиф шуда ин кишвар дар вурудиҳои Туркманистон ҳал шавад.

Тоҷикистон ва Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2017 дар сафари Қурбонқулиӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон, созишномаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни ин ду кишварро имзо карданд.

Лентаи хабарҳо
0