15:44 16 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.79
  • RUB0.14
Школьники за партой, архивное фото

Худамон омода мекунем: Узбакистон аз омӯзгорони Русия даст кашид

© Sputnik / Кирилл Брага
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
104 0 0

Ба иттилои расонаҳо, далели даст кашидани кишвар аз муаллимони рус, фаъолияти мактабҳои зиёди русӣ дар Узбакистон будааст, ки дар тақсимоти баробари кадрҳо монеа эҷод мекунад

ДУШАНБЕ, 11 янв - Sputnik. Вазорати маорифи Узбакистон аз даъвати муаллимони Русия ба кишвар даст кашид, хабар медиҳанд расонаҳои Узбакистон дар истинод ба изҳороти сафири Русия дар Узбакистон Владимир Тюрденев.

Ба гуфтаи Тюрденев, вазорат далел ин иқдомашро ба зиёд будани мактабҳои русӣ дар кишвар иртибот додааст. Ба гуфтаи ҷониби Узбакистон, таъмини тамоми мактабҳо бо муаллимони рус мушкил мешавад ва ин дар тақсимоти баробарии кадрҳо мушкилӣ эҷод мекунад.

"Мо ба Вазорати маорифи Узбакистон пешниҳод кардем, ки ба мактабҳо аз Русия муаллим ирсол кунем. Вазорат дурудароз ин масъаларо баррасӣ кард ва дар охир пешниҳоди маро рад намуд. Аммо бояд қайд кунам, ки рад кардани онҳо мантиқ дошт - бояд муаллимонро инҷо дар Узбакистон тайёр кунем", - изҳор дошт сафир.

Ёдрас мешавем, пештар ҳукумати Узбакистон низ ба лоиҳаи Тоҷикистону Русия дар ҷалби муаллимони рус ба мактабҳои тоҷикӣ ҳавасманд гардида буд.

Моҳи апрели соли 2018 вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров эълом дошт, ки лоиҳаи таълимиро метавон дар Узбакистон ва Қирғизистон роҳандозӣ кард, зеро ин кишварҳо дархости вижа пешниҳод карданд. Аммо посухи Узбакистон ба  пешниҳоди расмӣ сукут буд.

Мавзӯъҳои асосӣ