04:03 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Грузовые автомобили в горах Таджикистана, архивное фото

Тоҷикистон аз Туркманистон талаб дорад, ки далели дармондани фураҳоро шарҳ диҳад

© Sputnik / Амир Исаев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
368 0 0

Пештар маълум гардид, ки бештар аз 20 фураи боркаш дар марзи Туркманистон дар мондаанд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Душанбе дар мактубе аз Ашқобод хоҳиш кард, ки сабаби дар мондани фураҳои Тоҷикистонро дар марзаш шарҳ диҳад.

Пештар маълум гардид, ки бештар аз 20 фураи боркаш дар марзи Туркманистон дар мондаанд.

"Тоҷикистон дар мактубе ба ҷониби Туркманистон дархост кард, ки вазъияти дар мондани фураҳои Тоҷикистонро дар марзаш шарҳ диҳад. Феълан, посухи расмии кишварро интизорем. Ба ҳар ҳол, убури марз барои мошинҳое, ки ба Тоҷикистон равон буданду рақами давлатии кишварҳои дигарро доштанд, иҷозат шудааст", - хабар додааст вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷализода.

Ӯ ба ронандаҳо машварат додааст, ки аз ду роҳи алтернативӣ ба воситаи - Ҳироти Афғонистон ва Озарбойҷон истифода баранд.

Бори аввал нест, ки Туркманистон транзити фураҳои боркаш ва вагонҳои роҳи оҳани Тоҷикистонро манъ мекунад.

Ахиран, моҳи августи соли 2018 низ ронандаҳои тоҷик дар марзи Эрон бо Туркманистон дар монанд. Он вақт низ Туркманистон сабаби ин қазияро расман шарҳ надода буд. Дертар дар мактуби расмӣ Ашқобод гуфт, ки фураҳои Тоҷикистон дар марзи кишвар бо мақсадҳои амниятӣ муддате дар мемонанд.

Мавзӯъҳои асосӣ