Ифтитоҳи гузаргоҳи нави марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон

© Sputnik / Амир ИсаевКПП "Патар" на границе Таджикистана и Узбекистана
КПП Патар на границе Таджикистана и Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бораи кушодани гузаргоҳи гнав дар сарҳади кишварҳо зимни сафари давлатиии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд моҳи августи соли гузашта ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев тавофуқ ҳосил шуда буд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Ба нақл аз "Парс тудэй", гузаргоҳи “Боботоғ” Ҳисори Тоҷикистонро бо Узуни Узбакистон пайваст намуда, тариқи он танҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ва ҳамчунин воситаҳои нақлиёти мутааллиқ ба ҳарду давлат равуо карда метавонанд.

Дар бораи кушодани гузаргоҳи нав дар сарҳади кишварҳо зимни сафари давлатиии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд моҳи августи соли гузашта ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев тавофуқ ҳосил шуда буд.

Дар ин бора зимни чаласаи платаи поёнии парлумон фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хабар додааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, ифтитоҳи гузаргоҳи нав ба рушди бештар устувори муносибатҳои дӯстона байни аҳолии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Узбакистон мусоидат намуда, навбатпойиҳоро дар дигар гузаргоҳҳои сарҳад кам мекунанд.

Пас аз суханронии Раҷабалӣ Раҳмоналӣ вакилони парлумон созишномаи байниҳукуматии дахлдорро дар ин хуус байниТоҷикистону Узбакистон якдилона тасдиқ карданд.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Аксари гузаргоҳҳо нимаи солҳои 2000-ум дар натиҷаи ба сардӣ гароидани муносибатҳои дуҷониба баста шуда, то аввали соли гузашта танҳо дутоаш - яке дар самти Турсунзода - Сариосиё ва дигаре дар самти Бӯстон – Бекобод фаъолият мекарданд.

Моҳи марти соли гузашта пеш аз сафари давлатии президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳамаи 16 гузаргоҳҳои сарҳадии байни давлатҳо пурра ба фаъолият оғоз намуданд.

Лентаи хабарҳо
0