20:44 20 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Пробка из фур, архивное фото

Гардиши коло байни Тоҷикистону Узбакистон се баробар кам шуд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
265 0 0

Мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон дар моҳи январи соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 10 миллион доллар коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар моҳи январи соли 2018 ин шохис 15 миллиону 800 ҳазор доллар буд, ки акнун ба 5 миллиону 700 миллион доллар расидааст.

Дар ин миён ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Узбакистон дар моҳи январи соли ҷорӣ 2 миллиону 500 ҳазор доллар эълом шудааст, ки дар давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 9 миллион доллар будааст.

Ҳамчунин воридоти маҳсулоти Узбакистон ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ 3 миллиону 200 ҳазор доллар эълом шудааст, ки дар давраи мушобеҳи соли қабл ин шохис 6 миллиону 700 ҳазор долларро ташкил медод.

Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2018 ба 155 миллион доллар расида буд, ки тайи 4 соли ахир аз рушди қобили мулоҳизае бархурдор шудааст, зеро дар соли 2014 ва даврони сардии равобити Тоҷикистон ва Узбакистон ин шохис танҳо 13 миллион доллар буд.

Дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов дар Узбакистон танҳо ду гузаргоҳи марзӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон фаъолият мекард, ки ҳамзамон бо нахустин сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти соли 2018 тамоми 16 гузаргоҳҳо бозкушоӣ шуданд ва муомилоти тиҷории дуҷониба равнақ гирифт.

Мавзӯъҳои асосӣ