09:10 25 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
День рождения основателя ювелирного дома De Grisogono

Тартиботро вайрон кард: Гулнора Каримоваро дубора ба зиндон андохтанд

© Sputnik / Валерий Левитин
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
77910

Гулнора Каримова дар рафти адои ҷазо чанд бор маҳдудиятҳои муқарраркардаи додгоҳро вайрон карда, дар ҳамин ҳол ӯҳдадориҳояшро иҷро намекард, гуфтааст намояндаи додситонии Узбакистон

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Духтари аввалин президенти Узбакистон Ислом Каримов Гулнора Каримоваро барои нақзи шарти адои ҷазо ба зиндон интиқол доданд, хабар медиҳад Додситонии кулли Узбакистон.

Рӯзи сешанбе, 5 март духтари Каримова Имон хабар дод, ки модарашро кормандони додситонӣ аз манзилашон дуздиданд. Гулнора дар он манзил, аз охирҳои моҳи июни соли 2018 пас аз шартан пеш аз мӯҳлат озод шуданаш, ба сар мебурдааст.

"Бо далели вайрон кардани тартибот ва шартҳои адои ҷазо Додгоҳи ноҳияи Яшнободи Тошканд 5 марти соли 2019 қарор кард, ки Каримова мӯҳлати боқимондаи ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо мекунад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Соли 2017 Каримова ба 10 соли зиндон маҳкум гардид, аммо дертар ҷазоро бо ҳабси хонагӣ ба мӯҳлати 5 сол иваз карданд.

Каримова бояд дар ин муддат манзилро тарк намекард, аз интернет истифода намебурд ва зарари расонидаашро ҷуброн мекард.

Ба иттилои додситонӣ, духтари президент ин талаботҳоро риоя накардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ