08:19 26 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Мужчина закрывает портфель, архивное фото

Раисҷумҳур фармондеҳи нави ҳавзаи ҳарбиро таъйин кард

Sputnik / Дмитрий Астахов
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
417 0 0

Чанде пеш президенти Узбакистон қарор дар бораи таъйини фармондеҳи нави округи ҳарбии Шимолӣ-шарқиро имзо крд.

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputniк. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо имзои қарор полковник Зокирҷон Сайфуддиновро фармондеҳи ҳавзаи ҳарбии Тошкандро таъйин кард.

Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба Вазорати дифоъи кишвар хабар медиҳад.

Раисҷумҳур сафири кишвараш дар Узбакистонро барканор кард: ӯ дуздӣ кардааст

То ин дам Сайфуддинов фармондеҳи ҳавзаи ҳарбии Ҷанубу шарқӣ буд. Ба ҷои ӯ Қодирҷон Турсунов дар курсии фармондеҳи ҳавзаи ҳарбии Ҷанубу шарқӣ нишастааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи чоршанбе кишвардори Узбакистон Шавкат Мирзиёев қарор дар бораи таъйиноти фармондеҳи ҳавзаи ҳарбии Шимолу шарқиро имзо кард.

Раисҷумҳур шаҳрванди Узбакистонро авф кард

Ба ин вазифа Чориев Дилшод Садуллоевич таъйин шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки собиқ раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сафири кишвараш дар Узбакистон, Ерик Утембаевро аз вазифа озод кард.

Сафир ба дуздии буҷаи давлатӣ гунаҳкор мешавад.

Хадамоти матбуотии мубориза бо фасоди Қазоқистон миёнаҳои моҳи октябри соли 2018 хабар дод, ки сафири Қазоқистон дар Узбакистон дар дуздии беш аз 140 миллион танга (наздики 387 ҳазор доллар) пули давлат мутаҳҳам мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ