17:21 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Папка с документами, архивное фото

Тағйироти кадрӣ: дар Узбакистон ҳокимони нав таъйин шуданд

© Sputnik / Алексей Витвицкий
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
207 0 0

Тағйироти кадрӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳои Фарғонаю Намангон амалӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Якбора ҳокими чанде аз вилоятҳои Узбакистон сабукдӯш ва ҳокимони нав таъйин шуданд. Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба Kun.uz. хабар медиҳад.

Ҳамин тавр муовини вазири оби Қароқалпоқистон Давлат Толибов раиси ноҳияи Канликул таъйин шуд.

Ба курсии ҳокими ноҳияи Мингбулоқи вилояти Намангон бошад, Нуршод Худойбердиев такя зад.

Раисҷумҳур фармондеҳи нави ҳавзаи ҳарбиро таъйин кард

Раиси пешини ноҳияи Мингбулоқ Тоҳирҷон Рафиқов муовини ҳокими вилояти Намангон оид ба масоили хоҷагӣ ва об таъйин шуд. Муовини пешини ҳокими вилояти Намангон оид ба масоили хоҷагӣ ва об Равшан Қурбонов бошад, ҳокими ноҳияи Кувин шуд.

Ҳокими пешини ноҳияи Кувин, Ҳалимҷон Умаров муовини ҳокими вилояти Фарғона оид ба масоили хоҷагӣ ва об таъйин шуд.

Раисҷумҳур сафири кишвараш дар Узбакистонро барканор кард: ӯ дуздӣ кардааст

Муовини аввали ҳокими вилояти Фарғона оид ба масоили иқтисодӣ ва соҳибкорӣ Фарҳодҷон Тошпулатов шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ