"Ҷанҷол" барои бургерҳои Тимати дар Бишкек-видео

© © Sputnik / Георгий ЗимаревТимати
Тимати - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чандин ҳазор нафар барои чашидани маззаи бургер аз дасти Тимати ба маркази Бишкек омаданд.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Чандин ҳазор сокинони Бишкек дар назди маркази савдо дар маркази шаҳр барои бургерҳои бепули раҳбари лейбли Black Star Тимати, ҷамъ шуданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Қайд мешавад, ки репери русиягӣ барои ифтитоҳи бургерхонааш дар Бишкек ба ин шаҳр омада ваъда додааст, ки дар рӯзи кушоиш шахсан барои мизоҷон бургер омода карда бепул пешниҳод мекунад.

"То соати 18:46 (15:46 ба вақти Маскав) касе ба ёрии таъҷилӣ занг назадааст",-омадааст дар хабарнома.

Дар Раёсати ВКД Қирғизистон қайд карданд, ки бархе аз мардум хостанд тариқи панҷара гузашта ба репер наздик шаванд, вале кормандони қудратӣ бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида онҳоро озод карданд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Столько пришло людей что бы у видеть Тимати и пожрать блек стар бургер и я тоже 😂)

Публикация от Авторитет (@snbvbk)

Вале ба боздоштгоҳ касеро набурдаанд.

Black Star Burger аз 16 сентябри соли 2016 фаъолият мекунад. Ин навъи ошхона аз ҷониби тоҷир Юрий Левитас ҳамроҳ бо Тимати, Павел Курянов ва Валтер ифтитоҳ шудааст.

Барои фаъолияти он 20 миллион рубл сарф шудааст.

Авохири моҳи марти соли 2017 дар Цветной булвари Маскав ошхонаи дуюми бургерҳои Тимати ифтитоҳ шуд.

19 сентябри соли 2017 дар шаҳри Грозний як ошхонаи дигари Тимати ифтитоҳ шуд, ки дар маросими кушодашавии он президенти Чеченистон Рамазон Қодиров ҳам ширкат кард.

Лентаи хабарҳо
0