Пас аз сафари раисҷумҳур: се ҳоким сабукдӯш шуданд

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тарғйироти кадрӣ дар ноҳияҳои Бухоро, Ромит ва Вабкент амалӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Рӯзи якшанбе, 31 март якбора се ҳокими вилояти Бухорои Узбакистон аз вазифаашон сабукдӯш шуданд.

Дар ин бора ُSputnik Узбакистон бо такя ба хабаргузории Kun.uz хабар медиҳад.

Папка с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: дар Узбакистон ҳокимони нав таъйин шуданд

Ҳокими ноҳияи Вабкент Аскар Ҷаводов вазифаашро тарк кард. Ба ҷои ӯ Баҳодур Вафоев, ки муовини ҳокими ноҳияи Пешкун буд ба ин симмат таъин шуд.

Раиси ноҳияи Бухоро Муҳиддин Эҳсонов ба кори дигар гузашт. Ба курсии ӯ Қаҳрамон Дӯстов такя зад.

Ҳокими нави ноҳияи Ромит бошад, Хуршед Тоҳиров, ки пештар ба ҳайси муовини ҳокими ин ноҳия кор мекард, таъин шуд.

Раисҷумҳур фармондеҳи нави ҳавзаи ҳарбиро таъйин кард

Авохири ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Бухоро сафар карда бо рушди вилоят ва тарҳҳои нав ошно шуд.

Лентаи хабарҳо
0