Марҳамат гузаред! Қазоқистон роҳро ба рӯи боркашҳои Қирғизистон боз кард

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкГраница между Кыргызстан и Казахстаном
Граница между Кыргызстан и Казахстаном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазъ дар марзи давлатии Қазоқистону Қирғизистон ба эътидол меояд.

ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Қазоқистон роҳи боркашҳои Қирғизистонро боз кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон.

Чуноне хабар дода шуд, аз 19 марти соли 2019 санҷиши боркашҳое, ки бо маводи истеъмолӣ аз марзи Қазоқистон мегузаранд, пурзӯр карда шуд. Дар паи ин санҷиш, дар марзи Қазоқистону Қирғизистон тақрибан 250 боркаш барои гузаштан аз марз навбат истоданд.

"Дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи давлатии Қазоқистону Қирғизистон ба эътидол даромад. Гузаргоҳҳо бо реҷаи муқаррарӣ ба фаъолият оғоз карданд",-омадааст дар хабарнома.

Фуры на границе Казахстана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон
Туркманистон намегузорад мошинҳои боркаш ба сӯи Тоҷикистон раванд

Мушилоти марзӣ дар паи гуфтушуниди тарафҳо дар Нурсултон ҳал шуд. Аз ҷониби Қирғизистон барои ҳалли ин қазия бо дастури сарвазири кишвар гурӯҳе аз масъулин бо раҳбарии раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Алмос Олонбеков равон карда шуданд.

"Ҳамаи гуфтушунидҳо дар Нурсултон кушоду равшан баргузор шуданд",-қайд мекунанд дар ҳукумати Қирғизистон.

Ба иттилои ин ниҳод "ҷониби Қазоқистон аз 5 апрели соли 2019 роҳи марзиро барои боркашҳо боз кард ва дар ояндаи наздик масъалаи навбатпоии боркашҳо дар марз, пурра ҳалл хоҳад шуд".

Лентаи хабарҳо
0