20:58 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Новостройки в сергелийнском районе Ташкента, архивное фото

Дастури нахуствазир барои арзон кардани "манзилҳои дастрас" дар ноҳияи Сергелӣ

Sputnik / Рамиз Бахтияров
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
245 0 0

Дар давоми як моҳ комиссияи вижа сиёсати нархгузории бунёдгари манзилҳои дастрасро меомӯзад.

Душанбе 12 апр-Sputnik. Нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов рӯзи 11 апрел дар сохтмони ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Сергелӣ бо мардум дидору гуфтутӯ кард. Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба шабакаи Telegram Imtiyozli uy. хабар медиҳад.

Дар ин мулоқот аксари шаҳрвандони Узбакистон аз гарон шудани қиммати манзилҳое ки аввал "дастрас" номида шуданд, шикоят карданд. 

"Абдулло Орипов шикояти мардумро шунида ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки ҳарчӣ зудтар нархи манзилҳо дар ноҳияи Сергелии Тошканд, арзон карда шаванд",-омадааст дар хабарнома.

Дар ин росто, дар давоми як моҳ комиссияи вижа сиёсати нархгузории бунёдгари манзилҳои дастрасро омӯхта, гузориш омода хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки ин масъала зери назорати ҳокимияти Тошканд қарор дорад.

Баъди даъвои Рустам Эмомалӣ: ВУД аз боздошти мудири "Сохтмони манзили дастрас" хабар дод

Ёдовар мешавем, ки сарвазири Узбакистон Абдулло Орипов соли 2018 гуфта буд, ки тамоми хонаҳои қадимӣ дар шаҳри Тошканд тахриб ва ба ҷои онҳо биноҳои нав бунёд карда мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ