Чаро Искандаров фиристодаи Қирғизистон дар масоили марзӣ сабукдӯш шуд

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳаммадқулий Абилғозиев, нахуствазири Қирғизистон, гуфт, ки Искандаров музокирачии Ҳукумати Қирғизистон дар масоили марзӣ, ба хатогиҳои худ иқрор шуд

ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Муҳаммадқулий Абилғозиев, нахуствазири Қирғизистон шарҳ дод, ки чаро Қурбонбой Искандаровро аз мақоми намояндаи махсуси Ҳукумат дар масоили марзӣ озод кард.

Ба иттилои Sputnik Қирғизистон, дар маҷлиси ҳукуматӣ аксари вакилон сабаби аз вазифа озод кардани Искандаровро пурсон шуданд.

Истеъфои Искандаров ва шарҳи Ҳукумат дар бораи вазъи марзи Қирғизистону Тоҷикистон

Сарвазир гуфт, ки Искандаров ба далели вайрон кардани ахлоқи касбӣ аз вазифа сабукдӯш шуд. Абилғозиев афзуд, ки Искандаров ба хатогии худ иқор шуд. Ба ҷои ӯ, ба вазифаи фиристодаи махсуси Ҳукумат дар масоили марзӣ, ду номзад пешбарӣ шудааст ва қарори ниҳоӣ ҳафтаи оянда қабул карда мешавад.

Имзои суратҷаласа аз ҷониби Азим Иброҳим, ноиби нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Жениш Раззоқов - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси табодули замин: шарҳи Ҳукумат дар бораи гуфтушунидҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳамчунин дар ин нишаст суол шуд, кӣ чаро муовини Искандаров, Жениш Талоқов озод нашуд.

Абилғозиев қайд кард, ки то ҳол ягон гуноҳи муовин тасдиқ нашудааст ва дар сурати тасдиқ шудан, албатта чораҷӯӣ хоҳанд кард.

Вале ба иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати Қирғизистон, Искандаров худаш аз ин мақом истеъфо дода, Абилғозиев қарор дар бораи барканории ӯро 9 апрел имзо кардааст.

Қурбонбой Искандаров дар мақоми ноиби аввали раиси Дастгоҳи Ҳукумати Қирғизистон фаъолият доштааст.

Искандаров дар дастгоҳи Ҳукумати Қирғизистон аз соли 2001 фаъолият дошта, ба масоили марзӣ аз соли 2010 машғул буд ва соли 2012-ум намояндаи махсуси Ҳукумат дар масоили марзӣ таъин шуд.

Лентаи хабарҳо
0