22:56 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15

Се миллион рубл ва тоҷ аз тиллои сафед: "Мисс Русия-2019" муайян шуд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
439 0 0

Алина Санко, "Мисс Русия-2019" интихоб шуд. Ба ӯ тоҷе ҳадя карданд, ки аз тиллои сафед омода шуда бо алмос ва лаълу дигар сангҳои гаронбаҳо оро дода шудааст

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Алина Санко аз шаҳри Азови вилояти Ростов ғолиби озмуни зебоии "Мисс Русия-2019" шуд.

Озмун да толори консертии"Барвиха Luxury Village", дар Маскав дирӯз ҷамъбаст шуд.

Ба Алина унвони "Мисс Русия" ва тоҷ, ки аз тиллои сафед омода шуда бо алмос ва лаълу дигар сангҳои гаронбаҳо оро дода шудааст, тақдим каданд. Дар баробари ин ба зеботарин духтари Русия мукофоти пулӣ-3 миллион рубл дода шуд.

Алина 20 сол дошта дар шаҳри Азов ба сар мебарад. Ӯ ба шеърнависию расмкашӣ машғул аст.

Муовини аввали Мисс-Русия Арина Верина аз Екатеринбург шуд.

Дар бахши "Народный выбор" (Интихоби мардум) Елена Пановикова аз шаҳри Тоболск шуд.

Озмуни "Мисс-Русия"  озмуни миллӣ мебошад, ки ҳамасола дар ҳудуди ин кишвар баргузор мешавад. Ин озмун имсол бори 24-ум баргузор мешавад.

Нахустин бор озмуни зебоӣ соли 1927 дар шаҳри Порис баргузор шуд. Аз соли 1927 то 1939 ин озмун дар Порис (он замон дар Фаронса наздики 200 ҳазор муҳоҷир аз Русия ба сар мебурданд), баргузор мешуд.

Духтари тоҷик зеботарин духтари Бошқирдистон дониста шуд

Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, "Мисс Русия" ва дигар навъи озмунҳои зебоӣ аз байн рафтанд. Ва танҳо пас аз 50 сол, соли 1989 баргузории озмун аз сар гирифта шуд.

Мiss ва Мister Тоҷикистон муайян шуданд

Мавзӯъҳои асосӣ