07:29 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Скорая помощь в Казахстане, архивное фото

Шарҳи ВУД Қазоқистон дар бораи марги 11 кас ва захми 29 тан дар садама-видео

© Sputnik /
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
217 0 0

Дар паи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Алмаато-Тошканд 11 кас ҷон бохту 29 нафари дигар захмӣ шуд

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Қазоқистон видеое нашр кард, ки дар он сухангӯи ин ниҳод Нурдилда Ораз садамаи мудҳишро шарҳ медиҳад.

Ҳамин тавр ба иттилои сухангӯи ВУД, ҳодиса рӯзи 20 апрел 181 километр дуртар аз Алмаато, ба вуқӯъ пайваст.

Худрави тамғаи Toyota Camry бо мошини боркаш, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯрдаааст. Автобуси мусофиркаш бо кӯшиши ба садама дучор нашудан, чаппа шудааст.

"Дар натиҷаи ҳодисаи фоҷиабор, садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Кордайск 11 кас ҳалок ва 29 нафар захмӣ шуда дар бемористон қарор доранд. Аз ҷониби ҳокимияти вилоят гурӯҳи вижае ташкил шудааст, ки ба зангҳои телефонӣ мустақиман посух мегӯяд. Бо дастури вазири корҳои дохилӣ, аз ҳиоби кормандони қудратӣ, гурӯҳи оперативӣ ташкил дода шудааст, ки дар ҷои ҳодиса кор мебарад",-мегӯяд Ораз.

Дар паи садамаи мудҳиш 8 кас дар ҷои ҳодиса ва се нафари дигар дар бемористон ҷон доданд.

Аз рӯи садамаи нақлиётӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, кормандони қудратӣ тафтишотро идома дода истодаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Узбакистон буда, миёни захмишудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.

Вале ба иттилои намояндагии Узбакистон дар Қазоқистон, на ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони ин кишваранд. Аз 11 ҳалокшуда, 3 тан шаҳрванди Узбакистон буда, 7 нафарашон шаҳрвандони Қазоқистонанд ва ҳувияти як тани дигар то ҳол номаълум аст.

Мавзуъ

Фаврӣ: марги 11 узбакистонӣ ва захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар садамаи мудҳиш

Мавзӯъҳои асосӣ