Пухтани 5 кило гӯшт: пирӯзии донишҷӯёни Хуҷанд дар олимпиадаи байналмилаллӣ

© Российско-Таджикский (славянский) университетСтуденты на выставке-презентации "Образование в России старт успешного будущего"
Студенты на выставке-презентации Образование в России старт успешного будущего - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимпиада дар ду давр гузаронида шуда, аз қисми назариявӣ ва амалӣ иборат буд.

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Рӯзи 16 апрел, дар Донишгоҳи давлатии технологии  Қирғизистон ба номи И.Раззоқов Олимпиадаи байналхалқии технологӣ баргузор гардид. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар олимпиада донишҷӯёни муассисаҳои олии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки дар равияи  “Технологияи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ” таҳсил доранд, ширкат карданд.

Олимпиада по русскому языку в РОО НУР - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзӣ бар тарс: раиси “Нур” мақсадҳои асосии олимпиада дар Маскавро гуфт - видео

Дар олимпиадаи байналхалқии мазкур донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, номбардори Ватану донишкадаи азизи хеш гардиданд.

Олимпиадаи мазкур бо ташаббуси кафедраи “Технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯрока”-и ДДТҚ ба номи И.Раззоқов, барномаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” ташкил карда шуда, дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Олимпиада дар ду марҳила гузаронида шуда, аз қисми назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Қисмати сеюм бошад, дар сехи маҳсулотҳои гӯштии “Технолог” баргузор гашт, ки шарти асосӣ дар муддати муайяншуда аз рӯи тартибот омода сохтани 5кг маҳсулоти гӯштиро дар бар гирифт.

Донишҷӯёни тоҷик Ҷалилов Равнақ, Мамадҷонов Равшан, Атабекова Хафиза иштирокчии Олимпидаи байналхалқии технологӣ гардида, бо донишу маҳорати баланди худ дар ҳисоби даставӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0