09:08 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Министр иностранных дел России С.В.Лавров в ходе переговоров с министром иностранных дел Таджикистана С.Мухриддином в Душанбе 5 февраля 2019

Вазир дар Тошканд суханронӣ карду ҳамтоёнашро ба Душанбе даъват намуд

© Пресс-служба МИД РФ
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
241 0 0

Сироҷиддин Муҳриддин оид ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҷинояткории мутташаккили марбут ба он ва иқдомҳои кишвар суханронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар шаҳри Тошканд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 11-умин вохӯрии вазирони кишварҳои узви Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводди нашъаовар дар Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин оид ба дастовардҳо ва саҳми босазои Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҷинояткории мутташаккили марбут ба он ва иқдомҳои кишвар суханронӣ кардааст.

"Вазир ҳозиронро ҷиҳати ширкат дар Конфронси сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки 16-17 соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд",-омадааст дар хабарнома.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Эъломияи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва пешмоддаҳои он, пешгирии истеъмоли маводди нашъаовар ва маводди психотропӣ қабул гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ