10:06 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Молитва во время хаджа

Пас аз намози таровеҳ бо автобуси ройгон хона равед: Нурсултон

© Pixabay/ CCO
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
66910

Автобусҳои ройгон барои мусулмонони шаҳри Нурсултон аз рӯи панҷ хатсайр ҳаракат мекунанд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Бо оғози моҳи шарифи Рамазон шаҳрдории Нурсултон барои мусалмонон автобусҳои ройгонро роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба шаҳрдорӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, автобусҳои ройгон пас аз намози таровеҳ мардумро ба манзилҳояшон мебаранд.

Эълони оғози Рамазон, пули нисоби закот ва фитри рӯза дар Тоҷикистон

"Ҳамаи мусалмононро бо оғози моҳи шарифи Рамазон муборакбод мегӯем. Мо медонем, ки аксари мусалмонон дар ин моҳи муборак барои адои намози таровеҳ ба масҷидҳо мераванд. Барои роҳати шумо мо автобусҳои ройгонро роҳандозӣ кардем, ки пас аз намози таровеҳ аз назди масҷидҳои шаҳрӣ ба тариқи панҷ хатсайр ҳаракат хоҳанд кард",-омадааст дар хабарнома.

Чиро бояд ҳар мусалмон дар бораи моҳи мубораки Рамазон донад

Дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон 30 рӯз, аз 6 май то 4 июн давом хоҳад кард ва 5-уми июн Иди Фитр ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ