Баръакси Тоҷикистон: арзиши сафари Ҳаҷ дар Узбакистон арзон шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевПаломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе
Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
укумати Узбакистон дар иқдоме ҷолиб, ҳазинаи Ҳаҷ барои мусалмонони ин кишварро коҳиш дод

ДУШАНБЕ, 11 мая – Sputnik. Ба нақл аз Кумитаи умури дини Узбакистон, зоирони узбакистонӣ имсол барои Ҳаҷҷи воҷиб 33,5 миллион сум пардохт хоҳанд кард. Ин маблағ соли гузашта 38 миллион сум буд.

Ин дар ҳолест, ки имсол бо таваҷҷуҳ ба буҳрони молӣ дар Арабистон пешбинӣ мешуд ҳазинаи Ҳаҷ ба маротиб болотар равад.

Ҳукумати Узбакистон ҳамчунин соли равон тамоми маҳдудиятҳои вазъшуда дар даврони Ислом Каримов раиси ҷумҳури қаблии ин кишвар барои сафари Ҳаҷро бекор кард.

Паломники в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин нархи адои ҳаҷ дар соли 2019-ро эълон кард: пардохт тариқи "Ориёнбонк"

Мусалмонони Узбакистон дар даврони ҳукумати раиси ҷумҳури пешини ин кишвар сахттарин таҷрибаҳоро пушти сар гузоштанд. Аммо бо руи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 вазъият то ҳудуди зиёде фарқ кард.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон имсол низ арзиши сафари Ҳаҷ қариб ба 2 ҳазор сомонӣ гарон шуд. 

Соли равон арзиши адои Ҳаҷ барои як нафар 35 ҳазору 128 сомониро ташкил хоҳад дод, ки соли гузашта он 33 ҳазору 410 сомониро ташкил медод.

Ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо ғизо дар давоми мавсими ҳаҷ шомил мебошад.

Лентаи хабарҳо
0