Мӯъмина: роҳандозии шабакаи вижаи Telegram барои занон дар Узбакистон

© Sputnik / Said Tsarnaev / Гузариш ба медиабонкУчастницы торжественного вечера, посвященного празднованию Дня чеченской женщины, в Грозном
Участницы торжественного вечера, посвященного празднованию Дня чеченской женщины, в Грозном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин шабака, масъалаҳои марбут ба мушкилоти занон, муносибот дар хонавода ва тарбияи фарзандон баррасӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Узбакистон барои занон дар Telegram шабакаи расмии Mumina.uz. роҳандозӣ шуд, дар ин бора Sputnik Узбакистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин шабака ба масоили муносботи занон дар хонавода, тарбияи дурусти фарзандон тибқи қавонини шариат, бахшида мешавад. Интизор меравад, ки маслиҳати равоншиносон ва олимони дин ба ҳалли мушкилоти занон кумак кунад .

Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯсиёҳи дунёву охират: посухи Шӯрои уламо ба саволи Сорбон

"Агар зан ботинан солим бошад, ҷомеа ҳам қавитар ва солимтар мешавад. Чунки нақши модар  дар тарбияи фарзанд бузург аст: ӯ аввалин ва муҳимтарин шахс дар зиндагии ҳар як инсон мебошад",-менавсиад манбаъ бо такя ба хадамоти матбуотии ин ниҳод.

Дар баробари ин бо саршавии моҳи мубораки Рамазон дар Узбакистон, барои посух додан ба саволҳои динии мардум, алоқаи мустақим барқарор карда шуд. Ҳамин тавр дар давоми 15 рӯз ба Шӯрои уламои ин кишвар беш аз 15 ҳазор мусулмон муроҷиат кардааст.

Шӯрои уламо мегӯяд, ин бори дигар нишон медиҳад, ки узбакистониҳо ба чунин шабакаҳо ниёз доранд.

Лентаи хабарҳо
0