15:46 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков

Мо аз расонаҳо "секрет" надорем: раисиҷумҳур дар бораи озодии баён

Министерство обороны РФ
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
211 0 0

Раҳбари давлат изҳор дошт, ҳар қонуне, ки қабул мешавад, дастраси ҷомеа мегардад

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков зимни баромад дар конфронси кишварҳои узви СҲШ "Нақши ВАО дар рушди СҲШ" дар бораи озодии баён ва кушодагӯии ҳукумат бо расонаҳо гуфт. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.

Чуноне Жээнбеков қайд кард, маҳз нашриёт завқи ҷомеаро муайян мекунад.

"Ҳамаи қарорҳои қабулнамудаи мо бо ибтикори рӯзноманигорон дастраси ҷомеа мешаванд. Дер ё зуд, мардум аз воқеоти кишвар тариқи расонаҳо бохабар мешавад. Метавон гуфт, ки мо масъалаҳои пӯшида аз расонаҳо надорем",-гуфт ӯ.

Президент қайд кард, ки ВАО дар Қирғизистон пешбарандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

"Мо ҳам расонаҳои расмии боқувват ва ҳам расонаҳои қавии хусусӣ дорем. Дар кишвари мо муносибат бо расонаҳо дигар аст: ба онҳо бовар доранд ва ба онҳо гӯш медиҳанд, чунки озодии баён ва озодии рӯзноманигорон анъанаҳои хуби ҷомеаи мо мебошад",-қайд кард Жээнбеков.

Дар ин ҳамоиш раҳбарони расонаҳои пешсафи кишварҳои узви СҲШ ширкат мекунанд.

Онҳо рушди ВАО ва масоили пешравии маркази ягонаи иттилоотии созмонро баррасӣ мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ