17:10 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
В салоне автомобиля, архивное фото

Раисиҷумҳур ба донишҷӯ калиди Cobalt тақдим кард

© Sputnik / Руслан Кривобок
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1971 0 0

Донишҷӯ барои омода кардани донишомӯзон ба олимпиада аз фанни математика, бо мукофоти гаронбаҳо қадрдонӣ шуд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба донишҷӯи соли чорум худрави навъи Cobalt тақдим кард. Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба uznews, хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки чанде пеш раисиҷумҳур бо раҳбарони созмонҳои таҳқиқоти илмию амалӣ ва донишгоҳҳою олимони ҷавон дидору мулоқот кард.

Дар ин дидор, донишҷӯи соли чоруми факултаи математикаи Донишгоҳи миллии Узбакистон Сардор Бозорбоев дар бораи омода кардани донишомӯзони литсеи ба номи  С. Сироҷиддинов ба олимпиада ва дастовардҳои бузурги онҳо нақл кард.

Мирзиёев кӯшиши донишҷӯро қайд карда, ба мудири ташкилоти "Узавтосаноат" дастур дод, ки ба Сардор Бозорбоев як худрав ҷудо кунанд.

Дар баробари ин донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи техникии Тошканд Беҳзод Тухтамуродов дар бораи тарҳи омода кардани  3D принтери UzDelta ба  Мирзиёев нақл кард ва раисиҷумҳур, тарҳи ӯро дастгирӣ карда ба раиси «Асака банк» дастур дод, то барои роҳандозии ин тарҳ ба магистр 1 млрд сум ҷудо кунад.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин дастур дод то Вазорати маорифи халқ донишҷӯёнеро, ки барои омода кардани донишомӯзон ба олипиада кумак карданд, дастгирӣ намоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ