09:47 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

Рамазон Раҳимзода дар назди ҳамтоёнаш аз ИДМ дар Тошканд баромад кард

Пресс-служба президента Таджикистана
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
129 0 0

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои мазкур дурнамои ҳамкориҳои афзалиятноки Вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ, амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ баргузор гардид.

Дирӯз вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон  барои ширкат дар ҷаласаи мазкур ба Узбакистон  сафар кард. 

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои мазкур дурнамои ҳамкориҳои афзалиятноки Вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ, амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои ниҳодҳои дохилии ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин Консепсияи ҳамкориҳои Вазоратҳои ИДМ дар давраи то соли 2030, ки бо ташаббуси Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ пешниҳод гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкориҳои давлатҳои ИДМ вобаста ба масъалаҳои барасмиятдарории шаҳодатномаи бозгардонидани шахсоне, ки бояд маҷбуран хориҷ карда шаванд, муҳокима гардида, дар ин радиф як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ, Раҳимзода Рамазон вобаста ба ҷараёни татбиқи Қарори Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ аз 20-уми июли соли 2018 «Оид ба рафти коркарди лоиҳаи ҳуҷҷат, танзимкунандаи тартиби ягонаи гузаронидани таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ бо дархости мақомоти корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо - иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» муфассал баромад намуда, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуд.

Дар идомаи ҷаласаи Шӯрои мазкур ҳамчунин қоидаҳои гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои мувофиқашуда ё якҷояи оперативӣ-профилактикии Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) ИДМ мавриди баррасӣ ва муҳокимарониҳо қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои мазкур вазирони корҳои дохилии Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ширкат карданд.

Манбаъ афзуда, ки дар рафти ҷаласа ҳамчунин доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир муҳокимарониҳо сурат гирифта, қарорҳои дахлор қабул карда шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ