Чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Қирғизистон ҷазо мебаранд?

© AFP 2023 / ROMEO GACADЗаключенные в тюрьме, архивное фото
Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар зиндонҳои Ҷумҳурии Қирғизистон дар умум 9 300 маҳбас адои ҷазо мекунанд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бисту панҷ дарсади маҳбусони зиндонҳои Қирғизистонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба равобити умумии Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои ин кишвар.

Бино ба иттиои манбаъ, дар умум дар зиндонҳои Ҷумҳурии Қирғизистон 9 300 маҳбас адои ҷазо мекунанд, ки аз ин шумор 340 нафарашонро шаҳрвандони дигар кишварҳо ташкил медиҳанд.

"Ҳамин тавр дар зиндонҳои Қирғизистон (32,7 дарсад) шаҳрвандони Узбакистон,  (24,5) Тоҷикистон, (19) Русия, (16,9) Қазоқистон, (2,6) Туркия ва (0,5 дарсад) шаҳрвандони Чин адои ҷазо мекунанд",-омадааст дар хабарнома.

Кладбище в Узбекистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси тоҷикону қирғизҳо дар гӯристони марзӣ барои кулбаи белҳо

Дар аксари ҳол танишҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон боиси боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Қирғизистон мегардад.

Ахиран 22 май аз баҳси дигаре дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудудҳои Исфара ва Ботканд хабар дода шуд.

Шаҳдории Исфара гуфт,  беш аз 200 шаҳрванди Қирғизистон ба ҳудуди Тоҷикистон  ғайриқонунӣ ворид шуданд.

"Мақсади асосии сокинони  маҳалли аҳолинишини Равоти кабуди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткон азхудкунии заминҳои минтақа мебошад, ки аслан ҳудуди баҳснок набуда, ба марзи маъмурии Тоҷикистон тааллуқ дорад", - гуфта буд шаҳрдорӣ.

Сарраёсати Қӯшунҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ як рӯз пас дар изҳороташ гуфт, ки 200 нафар сокинони Қаробоғи Қирғизистон ба то 700 метр марзи Тоҷикистонро убур карда, ба муноқиша пардохтаанд

"Онҳо талаботи беасосе доштаанд, ки бо сабаби дар қабристони байни деҳаҳои Қӯрғанча ва Қаробоғ дафн шудани наздикону пайвандонашон, ин оромгоҳ ба онҳо тааллуқ дорад. Бо истифода аз ин далел ҷониби Қирғизистон ният дорад, ки ғайриқонунӣ қаламрави қабристонро, ки майдони умумии 4 гектарро фаро мегирад, тасарруф намояд", - тавзеҳ дод КДАМ.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон бошад аз изҳороти Сарраёсати Қӯшунҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, "ба ҳайрат" омадааст ва аз ҷониби Тоҷикистон хостааст, ки вазъро тира насозанд.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 500 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз боиси сар задани танишҳо миёни сокинони наздимарзӣ мегардад.

Лентаи хабарҳо
0